Моро зи ишқи дарду ғам бекарона аст
Дарёии бикнори саросар миёна аст
Ғифлат нагашт монеъи таъҷили умр ро
Дар хоб низ қофилаи мо равона аст
Ғофил машав зи поси нафас то ҳаёт ҳаст
Кин шамъ дар камӣни насим баҳона аст
Шуд санги обу сахтии дил ҳамчунон баҷост
Бо он ки солҳости дарин шиша хона аст
Ҳар чанд рӯзгор кунад шӯри бештар
Хоби гарони ғифлати моро фасона аст
Аз ҳарфи сухан , рӯй нтобанд мабармон
Мурғи ҳарисро гиреҳи дом дона аст
Бар тавсани сбкрўи по дар рикоби умр
Мӯӣ сифед гашта мо тозӣона аст
Аз дилбарони талаби хабари дили рамидагон
Чун тир дар камон набӯд бар нишона аст
Дар гӯшаи қафаси магар аз дили бароварам
Ин хорҳо ки дар дилам аз ошиёна аст
Гардид аз назораи мо ҳиси шӯхи чашм
Бар оҳӯии рамида , нигаҳ тозӣона аст
Дар хоксории он ки чу соиб тамом шуд
Бар садр агар қарор кунад остона аст