Бо оризи ту чеҳра шудани кор оина аст

Давлати насиби дидаи бедор оина аст

Худбинӣ аз сиришт бузургон наме равад

Гар худ Сикандараст гирифтор оина аст

Башикан тилисми сӯрату ҷовид зинда бош

Оби ҳаёт дар пас девор оина аст

Ҳар субҳдам ба рӯй ту аз хоб май ҷаҳд

Ҳасрати маро ба давлати бедор оина аст

Занги кудурат аз дили торики мо набард

Сайқал ки доси сабзаи зангор оина аст

Ҳад касеаст бар рух ӯ ҳарф хат занад ?

Ин нақшро бар об задани кор оина аст

Бепарда медиҳад ба назари ҷилваи айб ро

Соиби раҳин миннати саршор оина аст