Ҷавҳари ғубори дидаи ҳайрон оина аст
Нақш ванигор , хоби парешон оина аст
Доғаст аз таровати он хати пушти лаб
Тӯтӣ ки Хизри чашмаи ҳайвон оина аст
Дар аҳди ҳасани шӯхи ту симоб ҷилва шуд
Ҳайроне ки лангари тӯфон оина аст
Чун офтоб , хат шуъоъӣаст ҷавҳараш
То партави ҷамоли ту меҳмон оина аст
Тасхир мушкиласт призоди ҳасан ро
Ин нақш дар нигини сулаймон оина аст
Ҳар субҳи некӯон ба дар хонааш раванд
Ин манзалати зи покии домон оина аст
Маъшӯқро ҳимояти ошиқ буд ҳисор
Тӯтӣ чу муми сабз , нигаҳбон оина аст
Бозори ҳасан ӯ зи хати сабз гарм шуд
Зангор агар чаҳ таҳтаи дукон оина аст
Дар рӯзгори ҳасан ту шуд хорхори шавқ
Ҳар ҷавҳари наҳуфта ки дар кон оина аст
Хокаш ба чашм агар ба ду олам назар кунад
Онро ки чоки синаи хиёбон оина аст
Соиби магар ба марҳами зангор ба шавад
Доғӣ ки аз сафо ба дилу ҷон оина аст