Ганҷинаи ҷавоҳири мо пок гавҳарӣ аст
Нақдӣ ки дар хазона мо ҳаст безарӣ аст
Бар мо чаҳ эътироз ки беқадару қиматам ?
Гавҳар агар ба хок фитад ҷурм ҷавҳарӣ аст
Дар кори ишқи саъй ба ҷое наме расад
Дар баҳри дасту по задан аз ношиноварӣ аст
Дорад дили турои ҳавас аз ишқ бе насиб
Ин шиша чун тиҳӣ шавад аз май пар аз парӣ аст
Дар ашку оҳ агар накунад сарф , ғофил аст
Чун шамъи зиндагонии он кас ки срсрӣ аст
Перӣ чаҳ хӯн ки дар ҷигар мо наме кунад
Қади дўтои мо дуюми чарх чанбарӣ аст
Гуфтори длФриби ту дар пардаи ҳиҷоб
Сайлоби ақлу ҳуш чу сари гӯшӣ парӣ аст
Боқии з хайр кун зару сими фанопазир
эй хоҷагар турои ҳавас кимиёгарӣ аст
Дилбастаи ҳаво ба насимӣ фитад зи по
Кӯтоҳии ҳаёти ҳубоб аз сбксрӣ аст
Соиби зи моли ҳирс яке мешавад ҳазор
Бидрдро гумон ки Гана дар тавонгарӣ аст