Мавҷи шаробу муваҷҷаҳи оби бақо яке аст

Ҳар чанд пардаҳост мухолиф , наво яке аст

Ҳар мавҷи азин муҳӣт аноолбҳр ме занад

Гар сад ҳазор даст барояд дуо яке аст

Хоҳӣ ба каъба рӯ куну хоҳӣ ба сўмнот

Аз ихтилофи роҳ чаҳ ғам , раҳнамо яке аст

Ин мо ва ман натиҷаи бегонагӣ буд

Сад дил ба икдгр чу шавад ошно , яке аст

Дар ком ҳар ки маҳв шавад дар ризои дӯст

Бо нешикари ҳаловати тири қазо яке аст

Дар чашми пок байн набӯд расми имтиёз

Дар офтоби сояи шоҳу гадо яке аст

Пурвои сарду гарми хазон ва баҳор нест

Онро ки ҳамчуи сарву санавбари қабо яке аст

Бесоқӣу шароби ғам аз дил наме равад

Ин дардро табиби якеу даво яке аст

Ҳар чанд нақши мо як ва аз дигарон шаш аст

Навмед нестем зи бурдан , худо яке аст

Донанд оқилон ки зафар дар рикоб кист

Ҳар чанд донаи биъдду Асия яке аст

Аз ҳарфи худ ба теғ нигарадем чун қалам

Ҳар чанд дили ду ним буд ҳарфи мо яке аст

Соиби шикоят аз ситами ёр чун кунад ?

Ҳар ҷо ки ишқ ҳаст ҷафоу вафо яке аст