Оҳӣ ки ғами зи дил набард нокашӣданӣ аст

Мурғӣ ки ном бар набӯд пар бариданӣ аст

Чун бодаи сабӯҳ ба рагҳои микшон

Ҳар кӯчае ки ҳаст ба олам , давиданӣ аст

Дандон намӯданаст дар ризқро калид

Пистони хушки дояи қисмат гузиданӣ аст

Зон лаъли обдор ки май мечакад азу

Сангу суфоли майкада мо макиданӣ аст

Мавҷи шароб , рахнаи дилро рФўгрст

Ин риштаи умед ба сӯзан кашӣданӣ аст

Дил дар бақо мабанд каз ин боғи пари фиреб

Беболу пар чу қатраи шабнам париданӣ аст

Натавон чу мавҷи срсрӣ аз баҳр май гузашт

Чун дард май , ба ғӯри таҳи хам расӣданӣ аст

Нақлу шароб , ҳар ду ба ҳам ҷӯш ме занад

Лаъли ту ҳам макиданӣ ва ҳам гузиданӣ аст

Чап меравад ба рости равони тариқи ишқ

Дар гӯши чарх , ҳалқа оҳӣ кашӣданӣ аст

Ҳар чанд дарси ишқи зи таълим фориғ аст

Ҳар субҳи як ду нағмаи зи соиб шуниданӣ аст