Аз лаъли обдори ту тарафӣ назар набаст
Аз шӯри баҳр дар садафи мо гуҳар набаст
Чашмӣ ки шуд ба рӯй сухани боз чун қалам
Як қатраи оби хеш ба ҷӯй дигар набаст
Зон дам ки лаъл ӯ ба шукри ханда боз шуд
Дар нешикари зи раъшаи ғайрат шукр набаст
Дар оташами зи оина каз шавқ диданат
То боз кард дидаи худро дигар набаст
Аз барг айш монад тиҳии ҷайбу доманаш
Чун лола ҳар ки доғи туро бар ҷигар набаст
Рӯй замини гузар ки сайл ҳаводис аст
Ҳар кас миён гушӯд дар ӣнҷо , камар набаст
Ҳар барги сабз ӯ каф афсӯс дигараст
Нахлӣ ки дар шукуфаи перӣ самар набаст
Соиб нашуд азиз ба чашми ҷаҳонён
То обрӯии худ ба гиреҳ чун гуҳар набаст