Ҳар кас фишонд бар ман пари шӯри пушти даст

Аз ҷаҳл зад ба хонаи занбӯри пушти даст

Ёбад чигуна роҳ дар он зулфи дасти мо ?

Ҷое ки шона мегазад аз даври пушти даст

Чун рӯй даст гул шавад аз захми хўнчкон

Аз ҳайрати ҷамоли ту носури пушти даст

Аз шарм агар чу ғунча кунад дастро ниқоб

Рангин шавад азон рухи мастури пушти даст

Онҷо ки соид ту барояд зи остин

Ғулмон равад зи даст ва газад ҳури пушти даст

Дар пеши оризи ту мукаррар гузашта аст

Аз барг бар замини шаҷари таври пушти даст

Май дар гулӯӣ муддаӣон мекунад ба зӯр

Зад он ки бар лаби ман махмури пушти даст

То шуд з май гузидаи лаб май чикони ёр

Аз барг ток мегазад ангури пушти даст

Чун доғи лола хушк шуд аз хӯни гарми хеш

Захмӣ ки зад ба марҳами кофури пушти даст

Хирмани Аннани гусаста дар ояд ба хона аш

Мардонагар ба дона занад мӯри пушти даст

Монеъ машав з хӯрдани хӯни аҳли дард ро

Биҷо мазан ба шарбати ранҷури пушти даст

Нагирифт ҳар ки дасти фақирон ба зиндагӣ

Хоҳад гузид пар ба лаби гӯри пушти даст

Дар пеши қатра чун сипар андозад аз ҳубоб ?

Мавҷӣ ки зад ба қулзуми пуршӯри пушти даст

Зоҳиди бурун наме наад аз зуҳди хушки пой

Чун бар Асоӣ хеш занад кӯри пушти даст ?

Дастӣ агар баланд насозӣ ба хонданам

Даст навозишӣаст ҳам аз даври пушти даст

Ҳар чанд хўшнмости сбкдстӣ аз Карим

Хуштар буд зи соили мағрури пушти даст

Аз кӯзаи шикаста кунун об ме хӯрд

Он кас ки зад ба косаи фағфури пушти даст

Хоҳад гузид пари лаби афсӯси хеш ро

Шухӣ ки зад ба соиби маҳҷӯри пушти даст