эй субҳ , оҳи сарди ту дар интизор кист ?

Захми ду теғаи бози ту аз зулфиқор кист ?

Оҳи ту пардаи сӯзу сиришки ту длФрўз

Ҷони ту захмӣ ки , дилат доғдор кист ?

Чашми ҷаҳони зи партав ӯ хира ме шавад

Доғи ҷигари гудози ту аз лола зор кист ?

Хӯн дар раги ту шери зи меҳр ки мешавад ?

Хамёзаи ту бар қадаҳ бехумор кист

Хуршедро зшўқи ту дар оташаст наъл

Чашми ситораи бори ту дар интизор кист ?

Бар пушти номаи ту буд меҳри офтоб

То рӯй номаи ту ба сӯй изор кист ?

Аз инфеъол , хӯни з шафақ мекунӣ арақ

Рухсораи мунири ту то шармсор кист ?

Хӯн май хурӣу оинаро пок ме кунӣ

То синаи кушоди ту ойӣна дор кист ?

Шастӣ ба ашк , серумаи шабро зи чашми хеш

эй офтоб рӯй , дилат сўкўор кист ?

Гардуни зи нӯшханди ту як танг шукраст

Ин чошнии зи кунҷи лаби бӯса бор кист ?

Нилӯфари сипеҳри зи оби ту тоза аст

Шохи гули ту ташнаи лаб ҷӯйбор кист ?

Ҷонро насими лутфи ту аз ҳуш май барад

Ин буии рӯҳи бахши зи боғ ва баҳор кист ?

Бесикка роиҷаст зари офтоби ту

Ин нақди хуши айёри з доролъёр кист ?

Теғ ва сипар намекунӣ аз хештани ҷудо

Андешаи ?ути зи ғамзаи мардум шикор кист ?

Дар васфи субҳ , ин суханон чу офтоб

Ҷузи калаки соиб аз қалам мшкбор кист ?