Ин оҳӯии рамидаи зи мардум , нигоҳ кист ?

Ин фитнаи пишхдмти чашм сиёҳ кист ?

Бо шамъи офтоб чаҳ меҷӯяд осмон ?

Шаб то ба рӯз , дидаи аҷм ба роҳ кист ?

Дар оташаст наъли маи нави зи офтоб

То наъли офтоб дар оташи з моҳ кист ?

Бешаст аз пиёлаи хуршед , ин шароб

Мастонаи ҷилваҳои фалак аз нигоҳ кист ?

Тухми умед , рӯй заминро гирифта аст

То рӯй гарми барқ , насиб гиёҳ кист ?

Шӯри қиёмат аз дили мурғон баланд шуд

То шохи гул , намӯнаи тараф кулоҳ кист ?

Гардун ба гирди дида мо мекунад тавоф

То ин сиёҳи хона , шабистон моҳ кист ?

Худро накард ҷамъи фалак бо ҳазор чашм

Хирман ба бод дода барқ нигоҳ кист ?

эй кӯҳи тавр , гардан даъвӣ макун баланд

Охири дили шикастаи мо ҷилва гоҳ кист ?

Маъмур шуд зи лутфи ту ҳар малики дил ки буд

Соиб хароб карда чашм сиёҳ кист ?