Ҷони рамидаро ба ҷаҳон бозгашт нест
Дасти бурӣдаро ба даҳон бозгашт нест
Шабнами ду бори бозӣ бустон наме хӯрд
Дилро ба рангу буии ҷаҳон бозгашт нест
Аз ашку оҳ хеш надидам натиҷа Эй
Дар толеъи шарору духон бозгашт нест
Дил чун з даст рафт наёяд ба ҷои хеш
Ёқӯтро ба синаи кон бозгашт нест
Ҳар рқъаҳ эй ки мекунам иншо ба он нигор
Дар толеъаш чу барги хазон бозгашт нест
Пой ба хоби рафтаи моро чу пои хам
Дигар ба хоки кӯии Муғон бозгашт нест
Афканда сипеҳр нагардад дигар баланд
Тири шаҳобро ба камон бозгашт нест
Ҷустем аз кашокаши чарх аз шикастагӣ
Тири шикастаро ба камон бозгашт нест
Мурғи зи дом ҷуста науфтад дигар ба дом
Соиби маро ба малики ҷаҳон бозгашт нест