Май санг агар занад ба аёғм шигифт нест
Гар буи гул хӯрд ба димоғам шигифт нест
Савдои зулфи реша ба мағзам давонида аст
Хӯни машк агар шавад ба димоғам шигифт нест
Парвонаи доғи гармии ҳангома ман аст
Доман агар занад ба чароғам шигифт нест
Аз коўкоўи нохуни алмос агар ҷаҳд
Барқ аз сиёҳи хонаи доғам шигифт нест
Бо андалеби ҳам сабақ нола бӯда ам
Дилтанг агар зи суҳбати зоғам шигифт нест
Соиби зи сӯзи сина оташ фишон агар
Оташ чакад зи пунбаи доғам шигифт нест