Ҳасани туро ба нақш ванигор эҳтиёҷ нест

Рӯй шукуфтаро ба баҳор эҳтиёҷ нест

Андеша висол надоранд ошиқон

Аз дасти рафтаро ба канор эҳтиёҷ нест

Кони намаки куҷо ба намакдони баради ниёз ?

Шӯри маро ба хандаи ёр эҳтиёҷ нест

Мо сулҳ кардаем ба дил аз ҷаҳони гул

Ҳар ҷо ки муҳра ҳаст ба мор эҳтиёҷ нест

Гӯши сухан шинав накушуд ранҷи гӯшмол

Дилҳои нармро ба фишор эҳтиёҷ нест

Аз машраби васеъ ба ҷинат фитода ем

Ин нахли мумро ба баҳор эҳтиёҷ нест

Як оинааст шаш ҷиҳат аз нур рӯй ту

Ҳасани туро ба оинаи дор эҳтиёҷ нест

Аз баси ҳавои кишвар мозндон тараст

Махмурро ба оби хумор эҳтиёҷ нест

Аз ҷӯши сайд , пар натавонад гушӯд тир

ӣнҷои камӣн барои шикор эҳтиёҷ нест

Рангинии калом , гулистони ман бас аст

Соиби маро ба боғу баҳор эҳтиёҷ нест