Ҷузи гиряи чашм ашк фишонро алоҷ нест

Ҷузи сабри ошиқи нигаронро алоҷ нест

Дармондаам ба дасти дили ҳарзаи гирди хеш

Дар дасти боди барги хазонро алоҷ нест

Тан дар кашокаши фалак сифла дода ам

Ҷузи пайравии даст , камонро алоҷ нест

Анқо агар на гирд фишонд зи боли хеш

Носури захми теғи забонро алоҷ нест

Тӯфон агар на шуъла кашад аз дили танур

Хору хаси басити ҷаҳонро алоҷ нест

Онро ки зад шароб , алоҷаш буд шароб

Дардисар фалак задагонро алоҷ нест

Соиб ба дасти бод буд то Аннани зулф

Ҷузи печу тоби риштаи ҷонро алоҷ нест