Ҳасани туро ки ноз ба аҳл ниёз нест
Ин ноз дигараст ки пурвой ноз нест
Аз дидан ту чун дили ушшоқ во шавад ?
Дар абрӯии ту як гиреҳи ним боз нест
Аз мо мтоб рӯй ки ойӣнаи туро
Равшангарӣ ба аз назар покбоз нест
Аз оҳи норсости шаби мо чунин расо
Афсонагар дароз буд шаб дароз нест
Юсуфи зи чашми шӯхи Зулайхо чаҳ ме кашад
Шукри худо ки дидаи ёқӯб боз нест !
Ишқи ту ёри ҷонии ҳафтод миллат аст
Дар ҳеҷ парда нест ки ин нағма соз нест
Сайл аз бисоти хона ба дуашон чаҳ май барад ?
Малики харобро ғамӣ аз трктоз нест
Бо аҳли дарди кор буд доғи ишқ ро
Бар ҳар гулӣ ки атр надорад гудоз нест
Соиби дили ту дар пас девор ғифлат аст
Варна кадоми вақт дар файз боз нест ?