Ишқи маро ба зинати зоҳир асос нест
Парвонаро зи шамъ , назар бар либос нест
Теғаст моҳи иди зи ҷон сайр гашта ро
Ин хӯшаро мулоҳиза аз захм дос нест
Болотар аз висоли шуморади хаёл ро
Шукри худо ки дидаи мо носипос нест
Зери замин буд , ба фалакгар баромада аст
Дар ҳар сиррӣ ки ҳиммати гардун асос нест
Теғи ду дами зи санги Фсон тезтар шавад
Девонаро зи санги маломат ҳарос нест
Ашки ману рақиб ба як ришта ме кашад
Сад ҳайфи чашми шӯхи ту гавҳаршинос нест
Бо қотиласт кор чу қурбониёни маро
Аз ҳеҷ каси марои назар илтимос нест
Дар дил наҳуфтаем сувидои бахт ро
Чун каъбаи тираи бахтии мо дар либос нест
Соиб мабанд лаби зи фиғонҳои дилхарош
Ҳар чанд раҳм дар дили сангин ос нест