Як дами сафои олами ғаддор беш нест

Ойӣнаи оби сабзаи зангор беш нест

Дар пеши чашми пардаи шиносони рӯзгор

Иқбол , пардаи рухи идбор беш нест

Дар олимӣ ки дидаи моро гушӯда анд

Як чашми хоб , давлати бедор беш нест

Даври нишоти зуд ба анҷом ме расад

Як ҳафтаи шодмонии гулзор беш нест

Пайдост ҷустуҷӯии хасисон куҷо расад

Миъроҷи хор то сари девор беш нест

Трдомнӣ ба теғи аҷал об ме диҳад

Як чошти умри шабнами гулзор беш нест

Дарёст ҳар чаҳ ҳаст вуҷӯди ту чун ҳубоб

Дар чашми ақл , пардаи пиндор беш нест

Соиби ҳазор ҳайф каз ойӣнаи вуҷӯд

Чун тӯтӣони насиби ту гуфтор беш нест