Дар номҷуи шарофати зотӣ тамом нест

Ёқӯт чун ақиқи муқайяд ба ном нест

Аз ишқ ме тавон ба ҳаёт абад расед

Бе ҷӯши ишқи шираи ҷонро қавом нест

Ушшоқро дурустии дил дар шикастагӣ аст

Ин моҳ то ҳилол нагардад тамом нест

Теғаш чу барқ аз дили маҷрӯҳи мо гузашт

Ҳар давлатӣ ки тез буд мустадом нест

Гоҳе зи васли духтари рузи чашмии оби даҳ

Кин шӯхи дидаи қобили ақд давом нест

Аз интиқоли ҳақи дили худ ҷамъ карда аст

Бо хасм ҳар ки дар садад интиқом нест

Ҷанг гурез мекунад аз коҳи каҳрабо

Аз бас ки дар замонаи мо илтиём нест

Тӯтӣ ба як ду ҳарфи мукаррар азиз шуд

Такрори ҳарф , айби зи ширинӣ калом нест

Камтари зи барқ буд худорои баҳор

Ҳар давлатӣ ки тез буд мустадом нест

Байтулҳаром дигар ва майхона дигараст

Дар кӯии ишқи баҳси ҳалол ва ҳаром нест

Фикри канор ва бӯс надоранд ошиқон

Дар синаҳои гарми таманноӣ хом нест

Чун раҳ кунем дар дили мушкили писанди ту ?

Моро ки дар ҳарими ту роҳ салом нест

Аз чашми шӯри халқ , шукр талх ме шавад

Бо лутфи хос , чошнии лутф ом нест

Тоҷ зараст оташи ҷонсӯз , шамъ ро

Беишқ , офариниши одам тамом нест

Зинҳори ҳарфи рости зи девонагони мҷўӣ

Дар кишварӣ ки санги маломат тамом нест

Соиб чаро кунем шикояти зи лоғарӣ ?

Кам неъматӣаст дар паии мо чашм дом нест ?