То ҳаст асари зи ошиқи шайдо тамом нест

Ногашта мавҷи маҳв ба дарё тамом нест

То дар сараст боди тааюни ҳубоб ро

Пайвастааст агар чаҳ ба дарё тамом нест

Чун шабнами гудохта дар нури офтоб

Ҳар кас нагашта маҳви тамошо тамом нест

То ҳамчу сӯзанаст ба дунболи чашми ту

Овихтан ба домани исо тамом нест

Бошад ба қадари санги нишони ҷустуҷӯии ном

Бо кӯҳи қофи азлати анқо тамом нест

Нокардаи пои саъй чу паргори оҳанӣн

Гаштан ба гирди нуқтаи савдо тамом нест

Гар аз гузаштагии гузарӣ май шӯии тамом

Варна гузаштан аз сари дунё тамом нест

То сафҳаи нонавишта буд фард ботил аст

Бе хати сабзи чеҳраи зебо тамом нест

То дар паии саҳоб буд чашмаш аз ҳубоб

Лофи карами зи гавҳари дарё тамом нест

Ҳиммати талаби з гӯша нишинон ки салтанат

Беистионат аз дар дилҳо тамом нест

Гардад ба шоҳидони маъонии сухани тамом

Лофи сухан ба даъвӣ танҳо тамом нест

Арзи камол , шоҳиди нақс басират аст

Изҳори нақс ҳар ки кунад нотамом нест

То мекунад тамизи зи ҳам нақду қалб ро

Соиби айёри дидаи бино тамом нест