Маҳвами чунон ки дар дили тангам ирода нест

Дар шишаам зи ҷӯши парии ҷой бода нест

Аз худ сафар кунам ба умеди кадоми роҳ ?

Ҷузи муваҷҷаҳи сароби дарин дашт ҷода нест

Болотрст аз ҳаракати рутбаи сукӯн

Оби равон ба софии об ситода нест

Дил сода кун зи нақш ки дар рӯзи бозхост

Парвонаи наҷот ба ҷузи лавҳ сода нест

Пешонии кушодаи зи офот эмин аст

Чун шишаи ҷомро хатар аз ҷӯш бода нест

Дар тангнои байзаи пар ва бол оҷизаст

Дар зери осмони дилу даст кушода нест

Дар васл аз фироқ чаҳ донад чаҳ май кашам

Ҳар кас ки дар ватан ба ғарибӣ фитода нест

Розӣ шудан ба пояи дуни паст фитратӣ аст

Ҳар кас ба хар савор нагардад , пиёда нест

Соиб ба қадари сӯзи ҷигари об агар диҳанд

Баҳри муҳӣт аз даҳани мо зиёда нест