Аз ҳасани халқи рутбаи ҳиммат зиёда нест

Дасту дили кушода чу рӯй кушода нест

Файзи фитодагон буд аз истода беш

Санги нишон ба роҳнамоӣ чу ҷода нест

Чун во намекунӣ гиреҳӣ , худ гиреҳ машав

Абрӯ кушода бош чу дастат кушода нест

Чун Тифли нўсўор ба майдони ихтиёр

Дорам Аннан ба даст ва ба дастам ирода нест

Ҳар чанд кӯҳи қоф буд луқмае бузург

Анқо агар шӯии зи даҳонат зиёда нест

Чархаст зери рони зи дунёи гузаштагон

Исо агар пиёда шуд аз хар , пиёда нест

Соиб дар он сиррӣ ки буд ҳиммати баланд

Гар мешавад ба хоки баробар , фитода нест