Моро забони шикваи зи ҷавр замона нест

Ёқӯти вори оташи моро забона нест

Бо қади хам касе ки шавад ғофил аз худо

Дар хонаи камон , назараш бар шона нест

Афғон ки нолаи ман баргаштаи бахт ро

Дар гӯши хўобноки ту раҳ чун фасона нест

Ҳасани ту мунтаҳӣ шудау сабри ман тамом

Тангаст вақти мо ва ту , ҷой баҳона нест

Гар ҷурми ман зи рег равонаст бештар

Шукри худо ки раҳмати ҳақро карона нест

Чун чашм во кунам , ки ба ваҳшии ғизоли ман

Мади нигоҳи гарм , кам аз тозӣона нест

Шурби мудом , зиндагии ҷовдон буд

Оби ҳаёт , ғайри шароб шабона нест

Аз мавҷ , тозӣонаи гулгун мебас аст

Ҳоҷат ба соз кардани чанг ва чғонаҳ нест

Афсурдагии заму замонро гирифта аст

Фарқии миёни перу ҷавон замона нест

Қонеъ ба хоксорем аз авҷи эътибор

Соиб ба садр , чашми ман аз остона нест