Аз шарм агар чаҳ рӯй ту чандин ниқоб дошт
Ҳар зарра аз фурӯғи ту чашми пар об дошт
Рафтӣ ба сайри гулшан ва аз шарм об шуд
Ҳар гул ки боғбони з барои гулоб дошт
Дӯди қиёмат аз дили оташ баланд кард
Хунобае ки дар дили гарми ин кабоб дошт
Май хости зини хароба ба ҷои хароҷ , ганҷ
Фармонравои ишқ ки моро хароб дошт
Дар гулшанӣ ки булбул мо шуд сияҳи гилӣм
Ҳар ғунча дар ниқоб , гул офтоб дошт
Маҷнӯн ба реги бодияи ғамҳои худ шимурд
Ёди замонае ки ғами дил ҳисоб дошт
Зон оташӣ ки дар дили ман ишқ барфурӯхт
Ҳар мӯии ман чу мӯии миёни печ ва тоб дошт
Аз вартае ки киштии мо бар канор рафт
Дарёи хатари зи гардиши чашм ҳубоб дошт
Соиби зи мо дигар сухани хўнчкони мҷўӣ
То хом буд , гиряи хунин кабоб дошт