Ҳар каси зи теғи ғамза ӯ сар дареғ дошт

Ҷоми суфолӣ аз лаби кавсар дареғ дошт

Зарро ба зар чаро надиҳад бе дареғи кас ?

Аз ёр симбр натавон зар дареғ дошт

Монад аз ғубори хотири худ зиндаи зери хок

Аз ҳар ки осмони мижатар дареғ дошт

Мизон рӯзгор надорад ба зулми майл

Зон сари биҷавӣ ҳар чаҳ азин сар дареғ дошт

Файзи қадаҳ чаро буд аз офтоб кам ?

Натавон зи хоки бодаи аҳмар дареғ дошт

Огоҳ буд Хизри зи офоти зиндагӣ

Донистаи обро зи Сикандар дареғ дошт

Соиби зи ҳарфи талхи шикоят чаро кунад ?

Ҳар каси зи коми тӯтӣ , шукр дареғ дошт