Соқии зи мо шароб нахоҳад дареғ дошт

Дарёи зи ташна об нахоҳад дареғ дошт

Он шохи гул каз ӯ ҷигари хор тоза аст

Аз булбулон гулоб нахоҳад дареғ дошт

Абрӣ ки бахя зад ба гуҳари синаи садаф

Ҳаргизи зи гавҳар об нахоҳад дареғ дошт

Лаълӣ каз ӯст захми нмксўди санг ро

Шӯр аз дил кабоб нахоҳад дареғ дошт

Хуршед чун з хок надорад дареғи файз

Аз лаъл , об ва тоб нахоҳад дареғ дошт

Гар дар ниқоб хок занад ғӯта , нури худ

Аз моҳ , офтоб нахоҳад дареғ дошт

Дил бад макун ки хандаи мушкили гушои субҳ

Аз ғунчаи фатҳ боб нахоҳад дареғ дошт

Он мнъмӣ ки чашму даҳон бесавол дод

Асбоб хӯрд ва хоб нахоҳад дареғ дошт

Он кас ки беталаб ба ту нақд ҳаёт дод

Имрӯзи нон ва об нахоҳад дареғ дошт

Пери Муғон ки дасти сабу беталаб гирифт

Соиби зи мо шароб нахоҳад дареғ дошт