Бори ғам аз дилам май гулранг бар надошт

Ин сайли ҳаргиз аз раҳи ман санг барнадошт

Аз баси фишурди гиряи бидодгари маро

Нохуни зи ковуши дили ман ранг барнадошт

Авқоти худ зи машқи парешон сиёҳ кард

Чашмӣ ки нусха зон хат шбрнг барнадошт

Аз шӯри ишқи силсилаи ҷунбони оламам

Мурғӣ маро надид ки оҳанг барнадошт

Шуд каҳрабо ба хӯни ҷигари лаъли обдор

Аз май хазони чеҳраи мо ранг барнадошт

Ёрб шавад чу дасти сабуи хушки зери сар

Дастӣ ки дар шикастан ман санг барнадошт

Чун барги лола гарчи ба хӯни ғӯта ҳо задем

Бахти сияҳи зи домани мо чанг барнадошт

Бардоштем бори ғами халқи солҳо

Аз роҳи мо агарчӣ касе санг барнадошт

Бисмии аллоҳи умед буд захми теғи ишқ

Бе ҳосили он ки захми чунин ҷанг барнадошт

Ҳар чанд ҳамчу соя фитодам ба пои халқ

Аз хоки раҳи маро касе аз нанг барнадошт

Соиби зи базми уқдаи гушойон канора кард

Нози насим , ғунча дилтанг барнадошт