Осон наме тавон ба саропои мо гузашт

Натавон ба боли мавҷи зи дарёии мо гузашт

Ойӣнааш зи гирди хиҷолат сияҳ мабод

Силӣ ки бар харобаи дилҳои мо гузашт

Равшан шудаш ки дида бино надошта аст

Хуршед то ба дидаи бинои мо гузашт

Юсуф ба сими қалб фурӯшӣаст кори мо

Мағбун шавад касе ки зи савдои мо гузашт

Шуд тир рӯй таркиши зӯрин кашони фикр

Ҳар мисраӣ ки бар лаб гуёӣ мо гузашт

Чун ашки шамъ то мижа бар икдгр задем

Доғи ту аз саромад ва аз пои мо гузашт

Чун тир каз ду хона ба як бор бугзарад

Аз ҳар ду кун , ҳиммати волои мо гузашт

Мо ин бисот каз дили сад пора чида ем

Соиб наме тавон зи тамошои мо гузашт