Хуршеди туро аз хати шбрнг вабол аст
Чун сояи қадами пеш наад вақт завол аст
Аз ханҷар сероб натарсад ҷигари мо
Ҳар чанд ки май соф буд муфт суфол аст
Ҳар дона ки аз обила даст нашуд сабз
Зинҳор макун майл ки он тухм вабол аст
Дар силсилаи обилаи даст тавон ёфт
Имрӯзи дарин доираи обӣ ки ҳалол аст
Мавқуф ба осоиш чархаст қарорам
Ҳар кор ки мавқуф маҳоласт , маҳол аст
Аз бас ки гирифтори гирифтории хешам
Ҳар ҳалқаи домам ба назари чашм ғизол аст
Бар бистари гули вақти хазони такяи намояд
Онро ки зи тоўс , назар бар пар ва бол аст
Соиби сухан ғунча нашукуфта ҳамин аст
Ҷамъияти дил дар гиреҳи сахт малол аст