Равшандилу дилбастагии тан чаҳ хаёласт ?

Хуршеду назарбозии равзан чаҳ хаёласт ?

Дар риштаи ҷон то зи таъаллуқ гиреҳӣ ҳаст

Берун шудан аз чашмаи сӯзан чаҳ хаёласт ?

Чун ранг май аз дард нигардида мусаффо

Аз шишаи афлоки гузаштан чаҳ хаёласт ?

Беилму амали роҳ саломат натавон рафт

Беболу пар аз дом паридан чаҳ хаёласт ?

Хуршеди туҳидаст азон анҷуман омад

Дасти ман ва он гӯшаи доман чаҳ хаёласт ?

Чун ишқ ба пероҳан Юсуф накунад раҳм

Дар пардаи номӯси нишастан чаҳ хаёласт ?

Ҷое ки фалаки як нафас ором надорад

Дар домани худ пой шикастан чаҳ хаёласт ?

То давр чу наълин насозӣ ду ҷаҳон ро

Соиби сафари водии эмин чаҳ хаёласт ?