Ҷамъияти хотири зи парешоне ақл аст
Маъмурии ин малики зи вайронӣ ақл аст
Осӯдагии зоҳиру ҷамъияти ботин
Дар зери сар бесару сомонӣ ақл аст
Саргаштагии доиму гумроҳии ҷовид
Дар пайравии қомати чавгонӣ ақл аст
Бедӯд буд оташи нилӯфарии ишқ
Олами сияҳ аз миҷмараи гирдоне ақл аст
Дар коми наҳангу даҳани шери тавон буд
Раҳмаст бар он рӯҳ ки зиндонӣ ақл аст
Сарпанҷа дарё натавон тофт ба хошок
Бо ишқ задани панҷаи зи нодонӣ ақл аст
Ишқӣ ки муҳобо кунад аз санги маломат
Дар пилаи арбоби ҷунун , сонӣ ақл аст
Дар анҷумани ишқ ки гуфтор хамӯшӣ аст
Хомӯши нишастани зи схндонӣ ақл аст
Баҳрӣаст ҷаҳон , ишқ дар ӯ киштӣ Нӯҳ аст
Мавҷи хатараши силсилаи ҷанбоне ақл аст
Солик чаҳ хаёласт ки аз хеш барояд
То дар таҳи девори гронҷонӣ ақл аст
Дар зери фалаки давлати бедорӣ агар ҳаст
Хобӣаст ки дар пардаи ҳайронӣ ақл аст
Дар пардаи номӯс хазидани зи маломат
Аз содагии ҳушу зи урёнӣ ақл аст
Дар анҷумани ишқ буд сӯрати девор
Ҳар чанд ҷаҳони маҳви забони доне ақл аст
Ҷон аз назари ишқ буд зиндаи ҷовид
Тан бар сари погар зи нигаҳбонӣ ақл аст
Ин он ғазали Сайид кошӣаст ки фармуд
Бигузар зи ҷунунӣ ки биёбоне ақл аст