Он хонаи барандоз ки дар хона зин аст

Меъмори таманнои ман хок нишин аст

Аз шухӣ ҳасанаст ки он сарви хиромон

Бар рӯй заминаст ва на бар рӯй замин аст

Авроқи гул аз хандаи биҷости парешон

Шерозаи маҷмӯъаи дили чин ҷабин аст

Бисёр шавад маркази саргаштагии халқ

Холӣ ки дар он кунҷи даҳан гӯша нишин аст

Чун хомаи сайёд , матоъаш ҳама макраст

Ҳар бутаи хорӣ ки дарин шӯра замин аст

Аз сӯхтагон нест тиҳии кӯии харобот

Доими сари ин чашма , сияҳ хона нишин аст

Бемарг нахобад қадами саъии ҳарисон

Осоиши ин тайифа дар зер замин аст

Дар анҷумани васл , шикоят маза дорад

Дар домани гули гиряи шабнам намакин аст

Мо қудрати дарюза дидор надорем

Ин силсилаи ҷанбоне азон чин ҷабин аст

Дорад сари вайронии ман пуштаи саворӣ

Каз шухӣ ӯ зилзила дар хона зин аст

Соиб чаҳ сар аз чоки гиребони бадари орад ?

Амният агар ҳаст дарин ҳсн ҳсин аст