Сабзӣ ки марои сохтаи битоб ҳамин аст
Хизрӣ ки ба одами надиҳади об ҳамин аст
Шухӣ ки ба як ҷилваи мастонаи ҷаҳон ро
Додааст ба сайлоб май ноб ҳамин аст
Сайлоби хиромӣ ки фикандааст зи рафтор
Дар кӯҳи гарони раъшаи симоб ҳамин аст
Моҳӣ ки намӯдааст зи рухсори шафақи ранг
Хӯн дар дили хуршеди ҷҳонтоб ҳамин аст
Баҳрӣ ки зи рухсори гуҳари гирди ятемӣ
Шастааст ба рухсора чун об ҳамин аст
Он фитнаи айём ки дар пардаи шабҳо
Оварда шабихун ба сари хоб ҳамин аст
Он душмани имон ки зи рухсор чу қандил
Оташ зада дар синаи миҳроб ҳамин аст
Он гавҳари шҳўор ки дарёии гуҳар ро
Дар гӯш кашад ҳалқаи гирдоб ҳамин аст
Хуршеди изорӣ ки азуи сӯхтаи соиб
Хӯн дар ҷигари лолаи сероб ҳамин аст