Дар рӯй замини як сари пар шӯр намонда аст
Таҳи ҷуръае аз коса Мансур намонда аст
Зангор гирифтааст дили аҳли ҷаҳон ро
Дар оинаи ҳеҷ назар нур намонда аст
Зон Мисри ҳаловат ки шукр буд ғубораш
Имрӯз ба ҷузи нақши пай мӯр намонда аст
Паймонаи арбоби тнъм шудаи лабрез
Овозае аз коса фағфур намонда аст
Аз талхии дашноми буруни рафтаи ҳаловат
Наздикии дил бо нигаҳ давр намонда аст
Зон шаҳд ки сармояи ширинии ҷон буд
Соиб ба ҷуз аз нашутур занбӯр намонда аст