Аз марг ба мо ним нафас беш намонда аст
Як гоми зи сайлоб ба хас беш намонда аст
Нозук шудаи сари риштаи пайванди тану ҷон
Мурғӣ ба лаби боми қафас беш намонда аст
Чун барги хазони дида ва чун шамъи саҳаргоҳ
Аз умри марои ним нафас беш намонда аст
Дар нолаи дилҳо зи иҷобат асарӣ нест
Нолидани пучии зи ҷарас беш намонда аст
На кӯҳканӣ ҳаст дарин арса на парвиз
Овозае аз ишқу ҳавас беш намонда аст
Зон ҳасани глўсўз ки сад танги шукр буд
Аз ғорати хат , боли магас беш намонда аст
Вақтаст чу хуршеди даройӣ ба канорам
Каз умри марои як ду нафас беш намонда аст
Бар рӯй замини соиб ва бар чархи масеҳо
Дар анфусу офоқи ду кас беш намонда аст