Аз акси худ он оинаи рӯи бас ки ҳаё дошт

Дар хилвати ойӣнаи ҳамон рӯ ба қафо дошт

Чун маънии бегона ки ваҳшат кунад аз лафз

Ҳамхонаи дил буду зи дили хона ҷудо дошт

Аз бе самарии сабзи дарин боғча мондам

Чун сарв , марои дасти тиҳӣ бар сар по дошт

намекард қиёмати сухани мо зи баландӣ

То қомат ӯ реша дар андеша мо дошт

Ҳар ҷғд дар ӯ холи рухи симбрӣ буд

Аз рӯй ту вайронаи ман бас ки сафо дошт

Дар хомаи наққоши азали нуқтаи холат

Чун чархи ду сад доира бесар ва по дошт

Гирди дили мангар ҳавас бӯса нигарадед

Андеша азон чеҳраи андеша намо дошт

Тоҷаст гарон бар сари озода , вагарна

Чун байзаи марои зери пару бол , ҳумо дошт

Соиб нашуд аз манзили мақсӯди каси огоҳ

Аз нақши қадам гарчи фузун роҳнамо дошт