Дар зоҳир агар пушт ба ман ҳамчу камон дошт

Лек аз таҳи дил рӯй тавваҷуҳ ба нишон дошт

Он аҳд куҷо рафт ки он дилбари пуркор

Моро ба таҳи дил , дгаронро ба забон дошт

Акнӯн назарами косаи дарюза ашк аст

Он рафт ки ғмхонаҳи ман об равон дошт

Наргиси тарафи чашми сухангӯӣ ту гардид

Аз бе басарони шарм таваққуъ натавон дошт

Пайвастаи дарин боғ , дилам чун гули раъно

Рӯе ба баҳору рухи дигар ба хазон дошт

Дилгирӣ ман нест азин боғ , навомӯз

Дар байзаи марои шавқи қафас бол фишон дошт

Ангушти намо буд зи нодидагии халқ

Ҳар кас чу маи нави лаби нонеи з ҷаҳон дошт

Ҳаргиз ба сари худ қадамӣ роҳ нарафтам

Дар бодияи занҷири марои рег равон дошт

То чашм гушӯдам ман длсўхтаҳи соиб

Чун доғ , марои лолаи изорӣ ба миён дошт