Афсӯс ки айёми шариф рамазон рафт
Сӣ ид ба як мартаба аз даст ҷаҳон рафт
Афсӯс ки сӣ пораи ин моҳи муборак
Аз даст ба якбор чу авроқ хазон рафт
Моҳи рамазони ҳофизи ин гилаи бад аз гург
Фарёд ки зуд аз сари ин гила шубон рафт
Шуд зеру зибр чун сафи мижгон , сафи тоъат
Шерозаи ҷамъият бедордилон рафт
Биқдрии мо чун нашавад фош ба олам ?
Моҳӣ ки шаби қадар дар ӯ буд ниҳон , рафт
Бархест тамиз аз башару соири ҳайвон
Он рӯз ки ин моҳи мубораки з миён рафт
То оташи ҷўъи рамазон чеҳра барафрӯхт
Аз номаи аъмол , сиёҳӣ чу духон рафт
Бо қомат чун тири дарин маърака омад
Аз бори гунаҳ бо қад монанди камон рафт
Бардошти зи дӯши ҳамаи каси бори гунаҳ ро
Чун бод , сабк омад ва чун кӯҳ , гарон рафт
Чун ашки ғаюрон ба саропардаи мижгон
Дайр омаду зуд аз назари он ҷон ҷаҳон рафт
Аз рафтан Юсуф наравад бар дили ёқӯб
Онҳо ки ба соиби зи видоъ рамазон рафт