Айёми баҳорони сабк аз дида мо рафт
Аз даст ба ҳам суданӣ ин ранг ҳино рафт
Шуд мавсими гули тай ба шикархандаи барқӣ
Барги тараби боғ ба тороҷ сабо рафт
Шерозаи маҷмӯъаи гулзори фурӯи рехт
Сунбул чу сари зулфи парешон ба ҳаво рафт
Наргиси зи назари давр ба як чашм задан шуд
Ҳар чанд ки аз роҳи басират ба Асо рафт
Омад ба чамани ғунчаи гул бо кафи пари зар
Чун барги хазони дидаи туҳидаст ва гадо рафт
Аз ҳмрҳиш дар ҷигари лолаи нафаси сӯхт
Аз бас ки ба таъҷили гули лаъл қабо рафт
Дар як нафас аз кӣсаи гулзори шукуфа
Чун симу зар аз панҷаи арбоб сахо рафт
Печиди саропардаи худ абри баҳорон
Аз фарқи чамани сояи иқбол ҳумо рафт
Шуд рафтани гули боиси хомӯшии булбул
Аз боғ ба якбори буруни барг ва наво рафт
Аз ҳайрати назораи он сарви гули андом
Аз хотири ашҷор чаман нашав ва намо рафт
Соиби зи назарбозӣ бе пардаи шабнам
Аз чеҳраи гулҳои чамани ранг ҳаё рафт