эй зулфи ту шерозаи девони қиёмат
Ҳам силсила , ҳам силсилаи ҷунбони қиёмат
Хомӯшӣу гуфтори даҳон ту диҳад ёд
Аз басту кушод дар дукони қиёмат
Чашми ту сияҳи хонаи саҳрои таҷаллӣ
Холи даҳанати меҳри намакдони қиёмат
Мижгони сафи орои ту ҳамдӯши сафи ҳашар
Абрӯии ту ҳам пилаи мизони қиёмат
Домони қиёмат буд он зулфи парешон
Рӯй ту чароғи таҳи домони қиёмат
Монанди дар гӯши ту шудаи тозау сероб
Аз субҳи биногваши ту имони қиёмат
Вақтаст ки дар дидаи хафоаши гурезад
Аз шарми ту хуршеди дурахшони қиёмат
Шуд субҳи қиёмати зи лаби лаъли ту пуршӯр
Май хости намакдон чунин хон қиёмат
Чун ҷилва кунӣ аз ду ҷаҳон гирд барояд
Бастааст ба домони ту домони қиёмат
Расвои маъшӯқ на ҷурмӣаст ки бахшанд
Ошиқи набарди шиква ба девони қиёмат
Аз роҳи хатарноки ту эй каъбаи умед
Як манзили кӯтоҳ , биёбони қиёмат
Соиб чаҳ гушойии гиреҳ аз турраи дилдор ?
Нагушӯда касе фоли зи девони қиёмат