Қади ту куҷоу қади раънои қиёмат

Ин ҷома баландаст ба болои қиёмат

эй аз мижаи шӯхи сафи орои қиёмат

Вази зулфи диловези ду болои қиёмат

Дар домани кҳсор кам аз ханда Кебек аст

Дар пилаи тамкини ту ғавғои қиёмат

Ҳам ҷаннатӣ аз чеҳра ва ҳам дӯзахӣ аз хуй

Нақдаст дар айёми ту савдои қиёмат

Хуршеди ту чун аз уфуқ зулф барояд

Резади арақи шарми зи симои қиёмат

Аз доғ буд гармии ҳангомаи дилҳо

Хуршед буд анҷумани орои қиёмат

Дар синаи мо сӯхтагон нам натавон ёфт

Беоб буд домани саҳрои қиёмат

Аз шарми гунаҳи бас ки кашидам ба замини хат

Мстр зада шуд домани саҳрои қиёмат

Дар сояи кӯҳи гунаҳи мо зи баландӣ

Осӯда буд халқи зи гармои қиёмат

Аз синаи оташи нафасон дӯд барояд

Чун хома соиб кунад иншои қиёмат