Сафари аҳли шавқ дар ватан аст

Хилвати аҳли дил дар анҷуман аст

Андалебӣ ки дар хаёл гул аст

Ҳар куҷо ғунча мешавад чаман аст

Ханда ҳар чанд кам буд , дар вақт

Хонаи пардози меҳнат куҳан аст

Ғами яксоларо ба бод диҳад

Хандаи гул агар чаҳ як даҳан аст

Рахнааш сади боб тӯфон аст

Ишқ , Хизри сафина бадан аст

Сухани ишқ бо хиради гуфтан

Бар раги мурдаи нештар задан аст

Офтобӣаст безавол , сухан

Мағрибаши гӯшу машриқаш даҳан аст

Юсуфи шармгини маънӣ ро

Лафзи нозук ба ҷой перҳан аст

Мағз гардад дар устихонаш на?ил

Чун қалам ҳар ки ошиқ сухан аст

Бар забон қалам наёяд рост

Ончӣ аз шавқ дар замир ман аст

Бар бузургон машав ба ҳалами далер

Сипари офтоб , теғ зан аст

Эмин аз гӯшмол даврон аст

Ҳар ки соиб ба ҳол хештан аст