Сидқ , равшангари замир ман аст

Субҳи равшани замир , пер ман аст

Мӯрӣ аз ман намешавад помол

Кафи дасти дуои сарир ман аст

Нестам уммати тани ороён

Халқи хуши ҷомаи ҳарир ман аст

Давлат афтодааст дар қадамам

Пару боли ҳумои ҳасир ман аст

Ба гиребон агар напардозам

Ковуши синаи дастгир ман аст

Роми оҳӯ ба он сбкпоиӣ

Доғи табъи канораи гир ман аст

Булбул хуш навой Найшобӯр

Хаҷал аз табъ беназир ман аст

Офтоби шукуфтаи рӯи соиб

Гулӣ аз гулшани замир ман аст