Лутфу қаҳри замона ҳар ду яке аст
Гиреҳи дому дона ҳар ду яке аст
Пушт ва рӯ нест кори дунё ро
Шабу рӯзи замона ҳар ду яке аст
Дидаи хўобноки ғифлат ро
Сувари ҳашару фасона ҳар ду яке аст
Хандаи барқ дар сбксирӣ
Бо нишоти замона ҳар ду яке аст
Хоксорон бетааюн ро
Маснаду остона ҳар ду яке аст
Нақд бошад қиёмати ошиқ
Пеши мо гӯру хона ҳар ду яке аст
Нест аз ҳам ҷудои дилу дилдор
Чун ду лаб , ин ду дона ҳар ду яке аст
Ҷилваи оби Хизр дар зулмот
Бо шароби шабона ҳар ду яке аст
Хона бо ёр хонагӣ зебост
Варна зиндону хона ҳар ду яке аст
Мо ки аз боли хеш дар қафасем
Байзау ошиёна ҳар ду яке аст
Нисбати киштии шикастаи мо
Бо канору миёна ҳар ду яке аст
Соиби ин он ғазал ки танҳо гуфт
Баду неки замона ҳар ду яке аст