Оби Хизр ва май шабона яке аст
Мастӣу умри ҷовдона яке аст
Бар дили мости чашм , хубон ро
Сад камондорро нишона яке аст
Пеши он чашмҳои хоб олуд
Нолаи ошиқу фасона яке аст
Дар мақомӣ ки ғӯр бояд кард
Қатрау баҳри бекарона яке аст
Касрати халқ , айн тавҳидаст
Хӯшаи чандини ҳазору дона яке аст
Пилаи дайну куфр чун мизон
Ду намояд , вале забона яке аст
Раҳравоне ки рост чун тиранд
Ҳамаро мақсаду нишона яке аст
Ду ҷаҳони санги роҳ солик нест
Нисбати тир бо ду хона яке аст
Гар ҳазораст булбули ин боғ
Ҳамаро нағмау тарона яке аст
Нашавад нури меҳри пасту баланд
Пеши мо садру остона яке аст
Ошиқиро ки ғайритӣ дорад
Чини абрӯу тозӣона яке аст
Ханда дар чашм об гирданд
Мотаму сури ин замона яке аст
Пеши мурғи шикастаи пари соиб
Қафасу боғу ошиёна яке аст