Шароби ноМуродӣ бе хумораст
Ба қадари талхӣ ин ме хушгувораст
Ҷавоби хушк азон лабҳои сероб
Ба кишти ошиқон абр баҳораст
Азон чашм ту ранҷураст доим
Ки ҳам бемор ва ҳам бимордорст
зи чашми ёри қонеъи шӯ ба дидан
Ки пурсиш бар дил бемор бораст
Наме хезади сапанд аз ҷои зи ҳайрат
Дар он маҳфил ки он оташ изораст
Саборо мунфаил дорад зи ҷавлон
Агар чаҳ буии гул доман савораст
Буд лозими ғазабро дили сиёҳӣ
Паланг аз хашм , доим доғдораст
Висоли офтоби олами афрӯз
Насиби шабнами шаб зинда дораст
Ба нармӣ кун забони хасми кӯтоҳ
Ки оҷиз аз намад , дандон мораст
Гузаштан мушкиласт аз синаи софон
Ки дар гули пои сарв аз ҷӯйбораст
Маҳакро аз сияҳи рӯеи برارد
Зари сурхӣ ки комил дар айёраст
Рухи мақсӯд бепардааст соиб
Агар ойӣнаи дил бе ғубораст