Фалаки нилӯфари дарёӣ ишқ аст

Замини дарди таҳи миноӣ ишқ аст

Агар рӯҳаст , агар ақласт , агар дил

Шарори оташи савдоӣ ишқ аст

Агар маъмура куфраст , агар дайн

Хароби сайл бепурвой ишқ аст

Гиребони сипеҳру домани хок

Шикори панҷаи гироӣ ишқ аст

Аннани сайру даври осмонҳо

Ба дасти шавқи оташи пой ишқ аст

Чароғ бе заволи офариниш

Фурӯғи гавҳари яктоӣ ишқ аст

Фалак чун соя бо он сарбаландӣ

Ба хоки афтодаи болой ишқ аст

Хирад ҳар чанд мағз коинот аст

Каф бемағзӣ аз дарёӣ ишқ аст

Дил Ром карда ваҳшии нажодон

Ғизоли домани саҳроӣ ишқ аст

Агар субҳи умедӣ дар ҷаҳон ҳаст

Баёзи гардани миноӣ ишқ аст

Зари сурху сифеди моҳу анҷум

Нисори фарқи гардуни соӣ ишқ аст

Чаҳ парво дорад аз шӯри қиёмат ?

Сар ҳар кас ки пари ғавғоӣ ишқ аст

Ба худ кардааст рӯй ҳар ду олам

Чаҳ дар ойӣнаи симоӣ ишқаст ?

Ду олами нақди ҷон байъона доданд

Чаҳ судаст ин ки бо савдоӣ ишқ аст

Ба хӯн ҳар ду олами даст шустан

На аз зулмаст , аз тақвоӣ ишқ аст

Забони калаки соиб чун насузад ?

Ки умрӣ рафт дар иншоӣ ишқ аст