Хушам бо нолаи худ , дам ҳамин аст
Чароғи ҳалқаи мотам ҳамин аст
Магӯ дар биғмӣ осӯдагӣ ҳаст
Ки ғам гар ҳаст дар олам ҳамин аст
Мабанд озори мӯрии нақш дар дил
Ки исми аъзами хотам ҳамин аст
Наранҷам гарчи маҷнӯнам шуморанд
Тамизи мардуми олам ҳамин аст
Ҷамол каъба мехоҳад сапандӣ
Далели шурии замзам ҳамин аст
Ба қурби глъзорон дил мабандед
Васияти номаи шабнам ҳамин аст