Моиему хаёли даҳани ёр ва дигар ҳеҷ

Қонеъ шуда бо нуқтаи зи паргор ва дигар ҳеҷ

Аз ҳар сухани нозук ва ҳар нуктаи борӣк

Печида ба фикри камари ёр ва дигар ҳеҷ

Дар олами афсурдаи зи некон асарӣ нест

Аз лолау гули мондаи хаси вхор ва дигар ҳеҷ

Дилбастагӣӣ нест ба коми ду ҷаҳонам

Бо ман бигзоред ғами ёр ва дигар ҳеҷ

Аз бихўдӣ афтод ба ҷинати дили аФгор

Дар хоб буд роҳати бемор ва дигар ҳеҷ

Афсонаи ширини ҷаҳони ҳуш фиреб аст

Хобаст раҳ оварад шаби тор ва дигар ҳеҷ

Дар кори ҷаҳон сарф макун умр ба умед

КоФсўс буд ҳосили ин кор ва дигар ҳеҷ

Як чашми гронхўоб буд доираи чарх

Ҳарфӣаст баҷо аз дили бедор ва дигар ҳеҷ

Аз зоҳиди шайёди мҷуи мағз ки ин пуч

Ришаст ва ҳамин ҷбаҳу дастор ва дигар ҳеҷ

Безикр , шавад тори нафаси риштаи зуннор

Муҳками сари ин риштаи нигаҳи дор ва дигар ҳеҷ

Дили боз чу шуд , боз шавад мушкили олам

Як уқда сахтаст бар ин тор ва дигар ҳеҷ

Аз банда дунё напазиранд ибодат

Бурдор дил аз олами ғаддор ва дигар ҳеҷ

Соиби зи хушӣҳо ки дарин олам фонӣ аст

Моием ва ҳамин лиззати дидор ва дигар ҳеҷ