Лаби ҳеҷу даҳони ҳеҷу камари ҳеҷу миёни ҳеҷ
Чун бед надорад самари он сарви равони ҳеҷ
Андешаи ҷамъияти дили фикр маҳол аст
Шероза нагирад ба худ авроқи хазони ҳеҷ
Дар чашми ҷаҳони рехти намаки субҳи қиёмат
Чашм ту нашуд сайри азин хоби гарони ҳеҷ
Чун токи дарин боғчаи чандон ки грстм
Нагушӯд марои уқдае аз риштаи ҷони ҳеҷ
Ҳар чанд ки дандони ту аз хӯрдани нони рехт
Ҳирс ту нашуд сайри зи андешаи нони ҳеҷ
Ҳамчашми ҳубобам ки азин баҳри гҳрхиз
Ғайр аз сухан пуч надорам ба даҳони ҳеҷ
Ҷузи гиря беҳосилу ҷузи нолаи афсӯс
Нагушӯд маро аз дилу чашми нигарони ҳеҷ
Бо хасми забуни панҷа задан нест зи мардӣ
Соиби сухани чархи мёўр ба забони ҳеҷ