Аз қурси офтоб тиҳӣ нест хон субҳ
Доим буд зи сидқи талаби пухтаи нони субҳ
Магзар зи ҳарфи рост ки аз раҳгузори сидқ
Пар зар кунад фалаки зи кавокиби даҳони субҳ
Дар нури сидқ маҳв шавад даъвии дурӯғ
Зулмат ба гирд меравад аз корвони субҳ
Ишқӣ ки содиқаст буд эмин аз завол
Ин таб бурун намеравад аз устихони субҳ
Дар рост хонагон натавон ёфтан каҷӣ
Тири дуо хато нашавад аз камони субҳ
Бо субҳи хуши бро , ки буд меҳр бе завол
Барги хазони расидае аз бӯстони субҳ
Об оварад ба дида чу хуршед , диданаш
Ҳар гул ки во шуд аз нафаси хўнчкони субҳ
Дилро агар зи гирди гунаҳ пок ме кунӣ
Ғофил машав зи чеҳра шабнам фишон субҳ
Хуршеди афсари зари азин остона ёфт
Зинҳор бар мадори сар аз остони субҳ
Магушоӣ чоки сина ки тарсами зи инфеъол
То рӯзи ҳашар таҳта бимонад дукони субҳ
Кӯтоҳи дори дасти дуо аз рикоби халқ
Соиб чу мумкинаст гирифтани Аннани субҳ